бекор — [بيکار] 1. он ки бо кори фоиданоке машғул нест; аз бекор ҳама безор (зарб.); бекор нишастан бо коре машғул набудан, кор накардан 2. он ки бо кор ва моҳонаи барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин намебошад 3. аз кору амал дуркардашуда; аз вазифа… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҳуда — [بيهوده] 1. бефоида, барабас: зӯри беҳуда, кори беҳуда, беҳуда сарф кардан, беҳуда гузаштани вақт; зӯри беҳуда миён мешиканад (зарб.); зӯри беҳуда задан кӯшиши бефоида кардан, барабас талош кардан 2. ноҳақ; бесабаб: беҳуда ранҷондан, беҳуда азоб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зоеъ — [ضايع] а 1. талаф, нобуд; талафшуда, нобудгардида 2. беҳуда, бефоида; бекора; зоеъ гардидан (шудан) талаф шудан, барбод рафтан; бефоида гузаштан: вақти касе зоеъ гардидан, меҳнати касе зоеъ шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нақш — [نقش] а 1. пай, из ва асаре, ки аз чизе бар рӯи чизе мемонад: нақши по 2. гулкорӣ, ки ба коғаз, девор ё ба чизи дигаре кашида мешавад; расм ва сурати касе ё чизе; нақшу нигор гулкорӣ, расму тасвир, ороиши рӯи чизе; нақши бар об маҷ. чизи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
абтар — [ابتر] а. кит 1. думбурида, кӯтоҳдум 2. бефоида, ноқис 3. вайрон, хароб; абтар кардан аз байн бурдан, несту нобуд кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барабас — [برعبث] беҳуда, бекора, бефоида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедаромад — [بي درامد] даромаднадошта, бидуни дахл; бефоида, бесуд; нафъ ва манфиат надошта: харҷи бедаромад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бекора — [بيکاره] 1. нодаркор, нолозим, бемасриф; ношоям 2. беҳуда, бефоида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беманфиат — [بي منفعت] 1. он чи манфиат надорад, бенафъ, бефоида 2. барабас, беҳуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бенатиҷа — [بي نتيجه] беҳосил, бефоида, беоқибат, беҳуда, барабас: кӯшишҳои бенатиҷа, ҷидду ҷаҳди бенатиҷа, бенатиҷа мондан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ